Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дари бонкҳои Қибрис ба рӯи мизоҷон боз шуд


Бо гузашти ду ҳафта аз шурӯъи бӯҳрони молӣ дар Қибрис, бонкҳои ин кишвар дигабора дарҳои худро ба рӯи мизоҷон боз карданд. Аз рӯзи 16 март ба ин тараф, ки музокирот дар бораи наҷоти молии Қибрис идома дошт, амонатгузоронро аз дастрасӣ ба пасандозҳояшон маҳрум карда буданд. Аз субҳи панҷшанбе дар назди бонкҳои кишвар навбатҳои тӯлонӣ буд ва посбонони мусаллаҳро барои ҷилавгирӣ аз бетартибӣ низ гузошта буданд. Бар асоси амри вазорати молияи Қибрис, аз ин рӯз мизоҷон ҳақ надоранд, аз ҳисоби худ дар як рӯз бештар аз 300 евро бигиранд. Пардохт бо чек мамнӯъ шудааст ва истифода аз кортҳои кредитии Қибрис дар хориҷро низ маҳдуд мекунанд. Бонкҳои гирифтори мушкилоти Қибрис аз бими онки мизоҷон ба таври оммавӣ пулҳои худро аз бонкҳо хоҳанд гирифт, кори худро муттавақиф карданд. Ҳукумати Қибрис дар ин ду ҳафта бо созмонҳои молӣ барои гирифтани 10 миллиард евро кӯмаки молӣ музокира дошт. Созиш дар ин замина дар рӯзи душанбе ҳосил шуд, вале онҳое, ки дар бонкҳои Қибрис бештар аз 100 ҳазор евро доранд, пули зиёди худро аз даст хоҳанд дод.
XS
SM
MD
LG