Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар амалиёте дар Лугар 23 Толибро куштаанд


Мақомоти расмии Афғонистон мегӯянд, дар амалиёти дурӯзае дар вилояти Лугар 23 ҷангҷӯи Толибро кушта ва 26 нафари дигари онҳоро захмӣ кардаанд. Абдул Раҳимзай, муовини сардори пулиси вилоят, ба Радиои Озодӣ гуфт, амалиёти мазкур, ки шоми сешанбе ба поён расид, нерӯҳои афғон ҳамроҳ бо сарбозони Нерӯҳои Байналмилалии Кӯмаки Амниятӣ ба Афғонистон сурат гирифт. Ӯ афзуд: “Дар натиҷаи амалиёт, 23 нафар Толибон кушта шуданд, 26 нафар захмӣ шуданд ва 41 нафари дигар ситезаҷӯёни мазнун дастгир шуданд.“ Вилояти Лугар аз вилояти ноороми шарқии Афғонистон аст, ки Толибон онҷо зиёд ҳастанд. Ба гуфтаи дигар мақомоти расмии вилоят, дар амалиёт ҳамчунин як зану чаҳор кӯдак кушта шудаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон гуфтааст, ки дар ин амалиёт танҳо 12 Толиб кушта шудаанд ва теъдоди талафтот дар миёни ғайринизомиён 28 нафар будааст.
XS
SM
MD
LG