Пайвандҳои дастрасӣ

Музокироти Узбакистону Қирғизистон оғоз ёфт


Имрӯз дар шаҳри Тошканд, музокироти Узбакистону Қирғизистон дар бораи масоили баҳсбарангези марзӣ шурӯъ шуд. Мелис Эрҷигитов, сухангӯи ҳукумати Қирғизистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки ҳайъати кишварашро дар ин мулоқот, Шамил Отахонов, муовини нахуствазир ва тарафи муқобилро ҳамтои узбаки ӯ Рустам Азимов раҳбарӣ мекунанд. Дар ин мулоқот, масъалаи ноҳияи Сӯхи Узбакистон баррасӣ мешавад, ки дар дохили қаламрави Қирғизистон аст ва чанде пеш миёни сокинони он ва марзбонони қирғиз низоъ сар зад. Вазъи ноҳияи Барақи Қирғизистон, ки дар дохили Узбакистон аст ва тақсими об дар навоҳии наздимарзӣ аз масъалаҳои дигари гуфтӯгуҳои ду тараф будааст. Қирғизистону Узбакистон ҳамчунин 300 километр манотиқи баҳсбарангези марзӣ доранд, ки баъди суқути шӯравӣ дар соли 1991 то кунун ҳалли худро наёфтааст.
XS
SM
MD
LG