Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

7 куштаи 20 садама дар рӯзҳои Наврӯз


Тибқи иттилои дафтари матбуоти Идораи бозрасии давлатии автомобилӣ, муддати як ҳафтаи ахир, бахусус дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз, 20 мавриди садама дар қаламрави кишвар сабт шудааст.

Ба иттилои ин манбаъ, дар пайи ин садамаҳо 7 нафар кушта ва 19 нафар ҷароҳатҳои мухталиф бардошта, дар бемористон бистарӣ шудаанд. Садамаҳо дар қаламрави вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳри Душанбе, бахусус ноҳияҳои Бохтару Румӣ, Ғончӣ ва Рӯдакӣ рух додаанд.

Аммо аз аввали соли ҷорӣ то кунун дар қаламрави Тоҷикистон 234 садама рӯй додааст, ки дар натиҷа 72 нафар кушта шуда, 250 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.
XS
SM
MD
LG