Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Истиқболи Обама аз сӯҳбати Нетаняҳу бо Эрдуғон


Обама дар осорхонаи Ҳолокост дар Байтулмуқаддас
Обама дар осорхонаи Ҳолокост дар Байтулмуқаддас
Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама дар як баёнияе, ки ба дунболи аз Исроил азми Урдун карданш нашр шуд, аз сӯҳбати телефонии сарвазирони Исроилу Туркия – ду муттаҳиди калидии кишвараш дар Ховари Миёна- истиқбол кард. Равобити Исроил бо муттаҳиди собиқи стротегиаш Туркия дар соли 2010 дар пайи кушта шудани 9 фаъоли турк аз сӯи нирӯҳои баҳрии Исроил дар ҷараёни амалиёт алайҳи корвони киштиҳои роҳии навори Ғаза рӯ ба вахомат овард. Обама дар баёнияаш зарурати беҳбуди равобити ду кишвар «ба хотири пешрафти сулҳу суботи минтақа»-ро изҳор доштааст. Аммо аз сӯҳбати имрӯзаи Бенямин Нетаняҳу ва Раҷаб Таййиб Эрдуғон ҷузъиёте дастрас нест. Ин нахустин сӯҳбати онҳо аз замони саркӯби корвони роҳии Ғаза буд.
XS
SM
MD
LG