Пайвандҳои дастрасӣ

Таҷлили Наврӯз дар "Наврӯзгоҳ"


Тантанаҳои наврӯзӣ дар саросари Тоҷикистон, имрӯз 22-юми март низ идома карданд. Аз ҷумла дар «Наврӯзгоҳ» -и шаҳри Душанбе бо ширкати мақомоти давлатӣ, афроди касбу кори гуногун ва сокинону меҳмонони пойтахт, ҷашни наврӯзӣ баргузор шуд. «Наврӯзгоҳ» аз сӯи шаҳрдории Душанбе ба муносибати таҷлили бошукӯҳи иди «Наврӯз»дар як соле пеш бунёд шудааст, ки дар паҳлӯи «Кохи Миллат» ҷо гирфтааст. Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар «Наврӯзгоҳ» зимни паёми кӯтоҳ ҷашни Наврӯзро ба мардуми ин кишвар ва тамоми кишварҳои ҷашнгирандаи он табрику шодбош гуфт. Ба дунболи он барномаи театрикунонидашудаи ҳунармандону овозхонони тоҷик ба маърази тамошо гузҳошта шуд. Ин барнома аз сӯи Убайдулло Раҷабов, ҳунарманди мардумии Тофикистон ба саҳна гузошта шудааст, ки фарогирандаи суннату ойинҳои миллии наврӯзӣ мебошад. Дар беруни "Наврӯзгоҳ" дар ҳудуди ду километр растаҳои мухталиф бо гулҳову пухтаниҳои наврӯзӣ, ҳунари дастбофӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд.
XS
SM
MD
LG