Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ал-Қоида" масъулияти ҳамлаҳо дар Бағдодро ба дӯш гирифт


Бахши ироқии гурӯҳи “Ал-Қоида” масъулияти силсилаи таркишҳо дар шаҳри Бағдодро бар дӯш гирифт. Бар асари таркиши ҳафт мошини ҳомили маводи тарканда дар чанд маҳаллаи шианишини пойтахти Ироқ 52 нафар кушта ва беш аз 220 нафар маҷрӯҳ шуданд.

Дар изҳороте, ки дар як сомонаи интернетии ҷангҷӯён нашр шудааст, ин ҳамлаҳо “фақат гоми аввал” номида шудаанд. Муаллифон изҳорот таҳдид кардаанд, “интиқом барои афроде, ки шумо эъдом кардаед, идома хоҳад ёфт”.

Рӯзи чаҳоршанбе аз шурӯи амалиёти низомии ИМА дар Ироқ, ки бар асари он режими Саддом Ҳусейн аз байн бурда шуд, даҳ сол гузашт. Ҳукумати Ироқ қаблан изҳор намуд, ки бар асари бадтар шудани авзоъ дар кишвар интихобот ба мақомоти маҳаллиро барои ним соли дигар мавқуф мегузорад. Қарор буд, ки интихобот рӯзи 20 апрел баргузор шавад.
XS
SM
MD
LG