Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қибрис роҳи ҳалли мушкилоти бонкиро меҷӯяд


Машварати оҷили раҳбарони сиёсии Қибрис
Машварати оҷили раҳбарони сиёсии Қибрис
Раҳбарони сиёсии Қибрис имрӯз ба хотири таҳияи тарҳи нав, ки ба Никосия имкони дарёфти кӯмаки фаврӣ аз Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пулро фароҳам мекунад, ба машваратҳои оҷил шурӯъ карданд. Дирӯз вакилони парлумони кишвар тарҳи санадеро рад карданд, ки бар асоси он бояд амонатгузорон аз пасандозҳояшон дар бонкҳо молиёт мепардохтанд. Ҳангоми раъйгирӣ дар порлумон, 36 вакил мухолифи ин тарҳ ва 19 нафар райъи мумтанеъ додаанд

Вазири молияи Олмон Волфганг Шойбле дар шарҳи раъйдиҳӣ дар парлумони Қибрис гуфт, ки агар дар муддати наздиктарин роҳҳали мушкил пайдо нашавад, шояд бонкҳои кишвар дигар дарҳои худро боз накунанд.

Яке аз роҳҳалҳои мушкили Қибрис дар роҳи дарёфти қарзи Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул – пуштибонии молиявӣ аз сӯи Русия аст. Барои баррасии ин мавзӯъ вазири молияи Қибрис Михалис Саррис вориди Маскав шудааст.
XS
SM
MD
LG