Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мушкили андоз дар такмили нақби «Истиқлол»


Алиасғари Шеърдӯст, сафири Эрон дар Тоҷикистон, гуфтааст, ки бо вуҷуди пардохт нашудани маблағи барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” аз сӯи ширкати “Барқи тоҷик” бахши дувуми ин нерӯгоҳ низ омода шудааст ва дар ояндаи наздик дар ҷараёни сафари президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон пурра мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Аммо ба таъкиди сафир, дар сохтмони нақби “Истиқлол” мушкилоте чун “қатъи барқи коргоҳ, камбуди семент, молиёти сангини вазъшуда аз сӯи идораи молиёти Тоҷикистон” пеш омада, ки раванди такмили лоиҳаро ба таъхир мувоҷеҳ сохтааст.

Сафир ин суханонро ҳангоми мусоҳиба бо ҳафтаномаи «Тоҷикистон» гуфтааст.
XS
SM
MD
LG