Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Камбуди маблағ дар сохтмони фурудгоҳи Данғара


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон сохтмони фурудгоҳеро дар ноҳияи Данғара оғоз кардааст, аммо мегӯяд, ки барои анҷоми пурраи корҳо маблағ намерасад.

Ҷумъахон Зуҳуров, муовини аввали вазири нақлиёти Тоҷикистон, рӯзи душанбеи 18 март ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки сохтмони фурудгоҳ дар ноҳияи Данғара идома дорад, вале бинобар нарасидани маблағ кори сохтмон ба сустӣ пеш меравад. Зуҳуров мегӯяд, барои идомаи корҳо дар ин иншоот ҳудуди 600 ҳазор сомонӣ маблағ зарур аст.

Ба таъкиди Зуҳуров, ҳарчанд фурудгоҳ барои парвозҳои дохилӣ пешбинӣ шудааст, вале Вазорати нақлиёти Тоҷикистон пешниҳод дорад, ки ин майдони ҳавоӣ ҷавобгӯ ба талаботи фурудгоҳҳои байналмилалӣ бунёд шавад ва баъди анҷоми сохтмон дар он парвозҳои байналмилалӣ низ роҳандозӣ гардад.

Мавзеи сохтмони фурудгоҳи ноҳияи Данғара дар канори роҳи Душанбе – Данғара дар наздикии шаҳраки «Гирдростроител» ҷойгир шудааст.
XS
SM
MD
LG