Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Попи нави Рум корашро бо ниёиш оғоз кард


Попи нави Рум Франсис бо ибодат дар Калисои Марями Муқаддас дар Рум ба кори худ оғоз кард. Анҷумани рӯҳониёни олирутбаи католик, рӯзи чаҳоршанбе, Хорхе Марио Берголиё, кардинал аз Аргентинаро ба ҷойи Бенедикти 16 попи нави Рум баргузиданд, ки ӯ моҳи гузашта аз ин мақом истеъфо дод. Попи нави Рум, ки нахустин бор номи Франсисро хоҳад дошт, пеш аз ибодаташ дар калисои Марями Муқаддас дар Рум дар ҳузури издиҳоми бузурге гуфт, ки дар ҳаққи Марями Муқаддас дуо хоҳад кард, шояд “ба тамоми Рум наззора мекунад”.
XS
SM
MD
LG