Пайвандҳои дастрасӣ

Дар Чили маросими ифтитоҳи бузуртарин дар олам радиотелескопи ALMA баргузор шуд. Онро дар баландии кӯҳ дар Атакама бунёд карданд.

Радиотелескопи ALMA барои қабули мавҷҳои радиоии унсурҳои кайҳонӣ пешбинӣ шудааст ва 66 антена ё маҳвораи бузург дорад. ALMA бояд иттилое дастрас намояд, ки барои фаҳмидани пайдоиши коинот мусоидат кунад.

Бунёди радиотелескоп беш аз даҳ сол идома дошт. Қиммати ин тарҳ 1,3 миллиард доллар мебошад. Дар бунёди ALMA кишварҳои аврупоӣ, ИМА, Канада, Ҷопон ва Чили ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG