Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Яке аз муттаҳамҳои таҷовуз ба номус худкушӣ кард


Мақомоти Ҳиндустон мегӯянд, муттаҳами асосӣ дар қазияи таҷовузи дастаҷамъӣ ба номуси духтари донишҷӯй дар автобуси шаҳри Деҳлии Нав дар зиндон худкушӣ кардаст.

Сунил Гупта сухангӯи маҳбаси Тиҳар иброз дошт, ки муттаҳам Рам Сингҳ худро овехтааст. Ба гуфти Гупта Сингҳ дар ҳуҷраи зиндон бо се нафари дигар ба сар мебурд ва ҳоло таҳқиқи қазия шурӯъ шудааст.

Сингҳ ронандаи автобусе буд, ки моҳи декабр дар дохили он шаш нафар ба номуси як духтари донишҷуи 23-сола таҷовуз карданд. Ин ҳодиса боиси эътирозҳои саросарии Ҳиндустон шуд.

Хонум Барха Сингҳ Шукла-раиси комиссияи занон дар шаҳри Деҳлии Нав мегӯяд:

Тамоми ҷаҳон, Ҳиндустон ва мо интизор доштем, ки кай онҳо ба дор овехта мешаванд.Ҳоло агар муттаҳам асосӣ худро дар дохили маҳбаси Тиҳар овехта бошад, хеле аҷиб аст, зеро ин зиндон бояд амнияти шадид дошта бошад. То ҷое ман медонам, ӯ бояд дар ҳуҷраи алоҳида нигаҳ дошта мешуд. Хуллас, ин ҳодиса барои полис суоли зиёде матраҳ мекунад.”

Сингҳ ва чор нафари дигар аз ҳамроҳонаш бо куштор, таҷовузи дастаҷамъӣ ба номус, одамрабоӣ, маҳви шаҳодатҳо ва дигар ҷиноятҳои ҷиддӣ муттаҳам шуда буд. Муҳокимаи ӯ 5-уми феврал оғоз ёфта, ӯ мебоист рӯзи душанбе дар ҷаласаи додгоҳ ширкат варзад.

Муҳокимаи таҷовузгари шашум, ки 17-сола аст, дар додгоҳи ҷинояткорони наврас ҷараён дорад.
XS
SM
MD
LG