Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як раҳбари чирикиҳои чечен кушта шуд


Бино ба хабарҳо, нирӯҳои Русия рӯзи панҷшанбе як раҳбари чирикиҳои чечен ва ду ҷангии дигарро куштаанд. Кумитаи зидди террори Русия гуфт, дар набард бо ҷангиён дар ноҳияи Веденои Чеченистон як афсари давлатӣ низ кушта ва якеи дигар захмӣ шудаанд. Адам Хушалоев, ки ба Абӯмалик табдили ном кардааст, дар моҳи январ дар пайи қатли раҳбарони қаблӣ фармондеҳи ин гурӯҳи чирикӣ шуда буд. Ӯ беш аз 10 сол боз аз сӯи мақомоти Русия ҷустуҷӯ мешуд. Бо онки Чеченистон беш аз 10 сол боз зери назорати давлати Владимир Путин қарор дорад, чирикиҳои исломӣ дар ин минтақа ҳанӯз фаъоланд.
XS
SM
MD
LG