Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орнелла: Чавес аз сактаи дил даргузаштааст


Уго Чавес, раисиҷумҳури Венесуэла, бар асари сактаи дил аз олам даргузаштааст. Дар ин бора сарвари муҳофизони ӯ Хосе Орнелла хабар дод. Ба гуфтаи ӯ, Чавес дар вопасин лаҳзаҳои умраш бо душворӣ лаб кушод ва гуфт, ки зистан мехоҳад.

Уго Чавеc 5 март дар сини 58 солагӣ аз маризии саратон оламро падруд гуфт. Хабари марги ӯро ноиби раисиҷумҳур Николас Мадуро аз тариқи телевизион эълон кард ва гуфт, раҳбари кишвар "пас аз ду соли набард бо бемории сангин" даргузашт.

Моҳи январи соли 2011 Чавес эълом дошт, ки табибон дар бадани ӯ маризии саратонро ошкор кардаанд. Аз он замон то ҳол Чавес чаҳор бор дар Куба ҷарроҳӣ шуд.

Ҷасади Уго Чавес дирӯз дар бинои Академияи низомии шаҳри Каракас гузошта шуд. Ҳазорон сокинони Венесуэла барои видоъ бо сарвари кишвар соатҳо дар навбат меистанд. Дар Венесуэла ҳафт рӯз мотам эълон шудааст. Маросими ҷанозаи Уго Чавес фардо баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG