Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукумати Амрико фаъолияташро идома медиҳад


Маҷлиси Намояндагони Конгресси Амрико тарҳи қонунеро ба тасвиб расонд, ки акнун аз боздоштани фаъолияти ҳукумат пешгирӣ мекунад. Аз ин санад 267 нафар ҷонибдорӣ карданд. 151 нафар бар зидди он рай доданд.

Дар Маҷлиси Намояндагони Конгресс ҷумҳурихоҳон аксариятро ташкил мекунанд. Тибқи ин санад акнун фаъолияти муассисаҳои давлатӣ то моҳи сентябри соли ҷорӣ сармоягузорӣ хоҳад шуд.

Дар ин авохир бахши масорифи будҷаи Амрико барои муассисоти давлатӣ коҳиш ёфт. Ин коҳиш чанд миллиард доллар аст ва бахши низомиро низ дар бар мегирад.

5 дарсади ин коҳиш ба бахшҳои ғайринизомӣ ва 7 дарсади он ба вазорати дифои Амрико тааллуқ дорад.
XS
SM
MD
LG