Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Волии як шаҳри Сурия ба дасти мухолифон афтод


Дар Сурия мухолифони мусаллаҳ волии шаҳри Ракка Ҳасан Ҷалилӣ ва раиси бахши маҳаллии ҳизби “Баас” Сулаймон Сулаймонро асир гирифтанд. Ҷалилӣ воломақомтарин мансабдори ҳукумати Башор Асад аст, ки аз шурӯи низоъ дар ду сол пеш ба дасти ошӯбгарон уфтодааст.

Мухолифин изҳор намуданд, ки онҳо бахши аъзами ин шаҳри воқеъ дар шимоли кишварро таҳти назорат қарор додаанд. Ба иттилои Маркази дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, шаби гузашта дар шаҳри Ракка ҷангҳои шадид миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ошӯбгарон сурат гирифтанд. Нерӯҳои вафодор ба Башор Асад ба ду муассиса дар ин шаҳр зарба заданд, ки боиси ҳалокати чандин нафар шуд.

Рӯзи душанбе дар Ироқ бар асари ҳамлаи афроди мусаллаҳи ношинос 48 низомии суриягӣ кушта шуданд. Онҳо аз таъқиби ошӯбгарон фирор карда, дар хоки Ироқ панаҳ бурда буданд.
XS
SM
MD
LG