Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саакашвилӣ ва Иванишвилӣ боз музокирот мекунанд


Раисиҷумҳури Гурҷистон Михаил Саакашвилӣ ва рақиби сиёсияш нахуствазир Бидзина Иванишвили имрӯз дар Тифлис пушти дарҳои баста мулоқот мекунанд.

Ин дуввумин мулоқоти раисиҷумҳур ва нахуствазир баъд аз шикасти ҳизби Саакашвилӣ дар интихоботи парлумонии моҳи октябри соли гузашта аст. Дар интихобот эътилофи Бидзина Иванишвилӣ “Рӯъёи гурҷӣ” бештари курсиҳои парлумонро соҳиб шуд ва ҳукумати нави Гурҷистонро таъсис кард.

Ҳукумати Иванишвилӣ бо вуруди тағйирот ба Қонуни асосии кишвар ваколатҳои раисиҷумҳур, аз ҷумла, дар мавриди парокандасозии парлумон ва ҳукуматро, коҳиш дод. Саакашвилӣ, дар навбати худ, ҳукуматро дар он айбдор менамояд, ки ҳампаймонҳои наздики ӯ ва собиқ мансабдорони давлатиро таъқиб мекунад ва ин таъқибот, аз нигоҳи сарвари Гурҷистон, ангезаи сиёсӣ дорад.
XS
SM
MD
LG