Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар Фаронса се чеченро ҳабс ва баъд озод карданд


Мақомоти Испания мегӯянд, ки се фарди эҳтимолан мансуб ба гурӯҳҳои ҷангҷӯии исломии чечен дар Фаронса дастгир шудаанд. Вазорати корҳои дохилии Испания изҳор намудааст, ки се нафари мазкур рӯзи сешанбе дар рафти як амалиёти муштараки ниҳодҳои Фаронса ва Испания боздошт шуданд. Вале баъдан додситонии Фаронса изҳор намуд, ки афроди боздоштшударо бидуни эълони кадом айбномае озод карданд. Ба қавли вазорати корҳои дохилии Испания ду муттаҳам дар канораҳои пойтахти Фаронса ва нафари сеюм дар шаҳри Нойон 100 километрии пойтахти Фаронса дастгир шуда буданд. Вазорати корҳои дохилии Испания ҳамчунон иброз доштааст, ки боздоштшудаҳо ба яке аӯз шохаҳои созмони ал-Қоида дар ҷануби Испания иртибот доштанд, ки мавҷудияти он моҳи августи соли гузашта ошкор шуд.
XS
SM
MD
LG