Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нооромиҳои Бангладеш идома доранд


Рӯзи ҷумъа задухӯрдҳои эътирозгарон бо полиси Бангладеш идома ёфтанд. Полис гуфт, ки дар давоми ду рӯзи хушунат камаш 44 нафар ба ҳалокат расидаанд. Эътирозҳои Бангладеш рӯзи панҷшанбе баъди эълони ҳукми эъдоми Диловар Ҳусайн Сайидӣ оғоз ёфтаанд. Ӯ бо даст доштан дар кушторҳо, ҳодисаҳои таҷовуз ба номус, ғорат ва зӯран мусулмон намудани пайравони дини ҳинду дар замони ҷанг барои истиқлоли Бангладеш аз Покистон дар соли 1971 айбдор дониста шуд. Сайидии 73-сола муовини раиси ҳизби мухолифи Ҷамоати исломии Бангладеш буда, нафари сеюме мебошад, ки дар давоми се соли мавҷудияти додгоҳи ҷиноятҳои ҳарбии Бангладеш муҳокима мешавад. Пайравони ҳизби Ҷамоати исломӣ мегӯянд, муҳокимаҳои раҳбарони онҳо ҷилои сиёсӣ доранд. Ҳомиёни ҳуқуқи башар адолатим уҳокимаро зери суол гузоштаанд.
XS
SM
MD
LG