Пайвандҳои дастрасӣ

Дархости нави истирдоди Боқиев ба Минск расид


Қурмонбек Боқиев (Акс аз бойгонӣ)

Қурмонбек Боқиев (Акс аз бойгонӣ)

Додситонии кулли Беларус гуфт, дархости тоза расида бо талаби истирдоди раисиҷумҳури собиқи Қирғизистон Қурмонбек Боқиевро то як моҳи дигар баррасӣ хоҳад кард. Моҳе пеш додгоҳи гарнизони Бишкек дар ғайби онҳо Боқиевро ба 24 сол ва бародари ӯ –Ҷониш Боқиевро барои нақшашон дар як қатли сиёсии соли 2009 ба ҳабси умрбод маҳкум кард. Ин ҳукм додситонии кулли Қирғизистонро ба ирсоли боз як дархости истирдоди Боқиев таҳрик дод. Минск дар посух ба дархости қаблӣ онро ҳомили ангезаҳои сиёсӣ хонда, радд карда буд. Боқиев баъд аз суқути давлаташ дар моҳи апрели соли 2010 ба Беларус паноҳ бурд. Ҷониш Боқиев низ соле пеш ба Беларус омад.
XS
SM
MD
LG