Пайвандҳои дастрасӣ

Таъйини масъули назорати матолиби танқидӣ дар вазоратхонаҳо


Ба тамоми вазорат ва идораҳои давлатии Тоҷикистон дастур дода шудааст, ки барои назорати маводи танқидии васоити ахбори омма, мутасаддӣ таъйин намоянд. Ҳукумати Тоҷикистон ба тамоми вазорату идораҳо ва муассисаҳои давлатӣ дастур додааст, ки ба таври расмӣ яке аз кормандонашонро барои иҷрои фармони президент “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ҳамчун мутасаддӣ таъйин кунанд. Маҳмудхон Сараев, намояндаи Шӯъбаи иттилоот ва таҳлилии Дастгоҳи президенти Тоҷикистон рӯзи 1-уми март ба «Озодӣ» гуфт, ки шуъбаи мазкур тайи як моҳи ахир тамоми аризаву шикоятҳо ва маводи танқидие, ки ба вазоратхонаҳо, кумитаҳо ва дигар идораҳои давлатӣ расидаанд, мавриди баррасӣ қарор дода ва онро натиҷагирӣ намудааст. Ҷаноби Сараев афзуд, ки натиҷаи ин баррасӣ нишон дод, ки на ҳамаи вазоратхонаву муасисаҳои давлатӣ ба навиштаҳои танқидӣ ва аризаҳои мардум посух медиҳанд. Аз ин рӯ, ба гуфтаи ҷаноби Сараев, бо назардошти чунин вазъият, Шуъбаи иттилоот ва таҳлили дастгоҳи президент аз тариқи Дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳур ба ҳамаи вазоратхонаҳо ва муасисаҳои давлатӣ дастурнома ирсол дошт, ки ба таври расмӣ яке аз кормандонашонро барои иҷрои фармони президент “Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии воситаҳои ахбори омма” ҳамчун мутасаддӣ таъйин кунанд.
XS
SM
MD
LG