Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бенедикти 16 имрӯз аз мақоми Попи Рум хоҳад рафт


Попи Рум Бенедикти 16 имрӯз, 28 феврал ба истеъфо меравад. Бенедикти 85-сола нахустин Попи Рум дар тақрибан 600 соли охир аст, ки аз ин мақом истеъфо дод. Бенедикт дирӯз дар маъвизаи ниҳоияш ба даҳҳо ҳазор мардуми ҷамъшуда дар майдони Пётри Ватикан гуфт, “ҷиддият”-и тасмими гирифтаашро дарк мекунад, вале натанҳо ба хотири худ, балки ба хотири калисои католикӣ канор меравад. Ӯ соли 2005, дар пайи фавти Иоанн Павели ду Попи Рум интихоб шуда буд. Анҷумани махфии кардиналҳо ба манзури интихоби вориси Бенедикти 16 қарор аст, дар поёни моҳи март, дар рӯзҳои иди Пок доир шавад.
XS
SM
MD
LG