Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри навори гаравгонҳои фаронсавӣ дар YouTube


Лаҳзае аз навори нашршуда дар YouTube
Лаҳзае аз навори нашршуда дар YouTube
Дар YouTube наворе нашр шуд, ки зоҳиран 7 узви хонаводаи фаронсавиии дар Камерун рабудашударо намоиш медиҳад. Дар ин навор як марди мусаллаҳ дар рӯбарӯи ду марду як зан ва 4 кӯдак баёнияеро қироат мекунад. Ин марди зоҳиран одамрабо иддао дорад, ки аз гурӯҳи ҷангии исломии Боко Ҳарами Нигерия мебошад. Ӯ раҳоии маҳбусон дар Камеруну Нигерияро талаб карда, ҳушдор медиҳад, ки Фаронса, ки алайҳи исломиҳо ба Малӣ нирӯ фиристод, ба ҷанг алайҳи Ислом рафтааст. Ин хонаводаи 7-нафарӣ ҳафтае пеш дар шимоли Камерун, дар наздикии марзи Нигерия асир уфтод. Порис бар ин бовар буд, ки гаравгонҳоро ба Нигерия бурдаанд.
XS
SM
MD
LG