Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрон аз "Барқи тоҷик" қарзи "Сангтӯда 2"-ро хост


Нерӯгоҳи Сангтӯда-2

Нерӯгоҳи Сангтӯда-2

Сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома аз ширкати «Барқи тоҷик» хостааст, ки 12 миллион доллар қарзи нерӯгоҳи «Сангтӯда 2»-ро пардохт намояд.

Ҳафтаи гузашта Бахши иқтисодии сафорати Эрон дар Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба ширкати "Барқи тоҷик", тақозо намуд, ки то замони ташрифи президенти ин кишвар Маҳмуди Аҳмадинажод ба Тоҷикистон, масъалаи пардохти қарзро ҳаллу фасл кунад.

Як намояндаи сафорати Эрон дар Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, гуфт, ки ҳафтаи гузашта бо ирсоли як номаи расмӣ, аз ширкати «Барқи тоҷик» дархости баргардонидани 12 миллион доллар қарзи «Сангтуда 2»-ро кардаанд. Ба қавли ҳамсуҳбати мо, то кунун аз ҷониби ширкати «Барқи тоҷик» посухи расмӣ дарёфт накардаанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи «Барқи тоҷик» дар робита ба номаи сафорати Эрон дар хусуси пардохти 12 миллион доллар қарзи "Сангтӯда-2" гуфт, то замоне ширкат барқи гирифта аз ин нерӯгоҳро нафурӯшад, маблағи онро баргардонида наметавонад. Нозирҷон Ёдгорӣ қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди "Сангтӯда 2"- ро эътироф намуд, вале дар бораи ҳаҷми дақиқи он суҳбат накард.

Чарха ё турбинаи аввали нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда-2" дар авоили моҳи сентябри соли 2011 бо иштироки раҳбарони Тоҷикистону Эрон фаъол шуд.
Пас аз се моҳи давраи озмоишӣ, дар 22-декабри ҳамон сол ин нерӯгоҳ ба тавлиди неруи барқ шурӯъ кард ва 30-юми декабр хатҳои интиқоли барқ ба ин ниругоҳ васл шуданд ва ниру ба шабакаҳои кишвар интиқол ёфт.

Бо ин ҳол Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯи ширкати "Барқи тоҷик" гуфт, ки дар назар аст дар ҳафтаҳои наздик масъалаи пардохти қарзи ширкат дар назди нерӯгоҳи «Сангтуда-2» дар сатҳи болотар аз ин ду ниҳод баррасӣ шавад. Вай умедворӣ кард, ки ин масъала ҳалли худро меёбад ва дар низоми ҳамкории "Сангтӯда 2" бо ширкати «Барқи тоҷик» халале ворид нахоҳад шуд.

Зимнан, қарор аст раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дар даҳаи савуми моҳи март аз Тоҷикистон боздид кунад. Мушовири иқтисодии сафорати Эрон дар Душанбе гуфт, оқои Аҳмадинажод дар пайи таҷлили Наврӯз дар Ишқобод вориди Тоҷикистон шуда, дар расми кушоиши чархаи дувуми нерӯгоҳи "Сангтӯда 2" ширкат меварзад.

Ин нерӯгоҳ дар ҷануби Тоҷикистон бо 180 миллион доллар сармояи Эрон ва 40 миллион доллар саҳми худи Тоҷикистон сохта шуда, тайи 12 соли аввали фаъолияташ дар ихтиёри ҷониби Эрон қарор хоҳад гирифт.

Давраи дувум ва ниҳоии раёсати Аҳмадинажод дар моҳи июн ба поён мерасад ва боздиди моҳи март шояд охирин сафари ӯ ба Тоҷикистон ба ҳайси раҳбари давлати Эрон бошад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG