Пайвандҳои дастрасӣ

Ширкати "Барқи тоҷик" мегӯяд, ки қарзи неругоҳи "Санггтуда-1" -ро марҳила ба марҳила медиҳад.

Нозирҷон Ёдгорӣ сухангӯи ширкати Барқи тоҷик рӯзи шанбе ба радиои Озодӣ гуфт, ки масъалаи пурра баргардонидани қарзи ҷамъияти саҳомии "Сангтуда-1" борҳо дар ҷаласаҳои ширкат мавриди баррасӣ қарор гирифтааст ва ин душвории мувақатӣ буда бартараф хоҳад шуд: "Мо бо нерӯгоҳи "Сангтуда -1" ҳамкории доимӣ дорем. Ва масъалаи пардохти қарз як мушкили мувақатӣ аст, ки ҳатман пардохта мешавад. Ширкати "Барқи тоҷик" дар солҳои охир вақте ки барқро интиқол медиҳад, танҳо пас аз як моҳ пули онро мегирад. Аз ҳамин лиҳоз таъхир дар ҷамъоварии пули барқ мешавад, лекин дар мадди аввали назари ширкат аст, ки қарзи "Сангтуда-1"- ро пардозад."

Ба қавли Нозирҷон Ёдгорӣ, ширкати "Барқи тоҷик" шурӯъ аз соли 2008 то соли 2011 аз нерӯгоҳи "Санггтуда- 1" нерӯи барқро бо нархи гарон мехарид ва ба аҳолӣ ва ба корхонаҳо бо нархи арзон мефурӯхт. Дар авоили соли равон, ҷамъияти саҳомии "Сангтӯда-1" барои қарзи 5 миллион сомонӣ ширкати "Барқи тоҷик"-ро ба додгоҳ кашид ва додгоҳ қазияро ба фоидаи "Сангтӯда-1" ҳал кард.

Ҷаноби Ёдгорӣ мегӯяд, ки ширкати «Барқи тоҷик» дар муддати кӯтоҳ ин 5 миллион сомониро марҳила ба марҳила ба нерӯгоҳи "Сангтуда-1" пурра баргардонд.

Ин дар ҳолест, ки тавре ҷамъияти саҳомии "Сангтуда- 1" хабар медиҳад, қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди нерӯгоҳи мазкур, шурӯъ аз соли 2008 ба ин тараф ба 58 миллион доллари амрикоӣ баробар шудааст.

Дар 6 моҳи соли равон 15 миллион дигар ба қарзи ширкати "Барқи тоҷик" дар назди ин нерӯгоҳ изофа шудааст, ки 70 дар сади ҳаҷми барқи фурӯхташударо дар ҳамин давра дар бар мегирад.

Ёвари мудири кулли неругоҳи "Сангтуда 1", Евгения Дудина мегӯяд, ки беҳаракатии ширкати "Барқи тоҷик" дар амри падохти қарз ҳамчунон идома кунад, дар ояндаи наздиктарин ин неругоҳ комилан фалаҷ шуда маҷбур мешаванд, ки фаъолияти онро боздоранд: «Тасавур кунед, чӣ гуна мо метавонем барқ истеҳсол кунем, вақте ки васоили техникии неругоҳ дуруст фаъол нестанд ва неругоҳ аз нигоҳи фаннӣ таъмири куллӣ надидааст. Илова ба ин мо наметавонем маблағи мутахассисонро пардозем, бонкҳои маҳаллӣ ба мо қарз намедиҳанд. Монополисти ягона, харидори ягонаи барқи мо ширкати "Барқи тоҷик" аст. Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ бо Русия ҳуқуқи ба дигар муассиса фурӯхтани барқи худро надорем. Лекин "Барқи тоҷик" қарзи моро пардохт намекунад, дар ин сурат маҷбур мешавем фаъолияти неругоҳро боздорем.»

Ба қавли Евгения Дудина ҳал нашудани ин масъала аз тарафи ширкати "Барқи тоҷик" вазъи худи неругоҳро ба ҳолати нигаронкунанда овардааст. Ҳоло ҷамъияти саҳомии "Сангтуда- 1" дар назди Кумитаи андози Тоҷикистон беш аз 6 миллион доллар қарздор аст ва дар феҳрасти ширкатҳои қарздори ин кишвар дар ҷои дуввум қарор доштааст.

Зимнан Маҳмад Нарзуллоев, сардори бахши фурӯши барқи Вазорати энергетика ва саноати Тоҷикистон, дар як суҳбат ба «Озодӣ» гуфт, ки дар ин шабу рӯз ширкати "Барқи тоҷик" вазъи ногуворе дорад ва дар пайи қарздориҳояш аз нерӯгоҳи "Сангтуда-1" наметавонад маоши кормандонашро саривақт пардохт кунад.

Ҳоло ба назари мутахассисони нерӯгоҳи "Сангтуда -1" масъалаи баргардондани қарз аз тарафи ширкати "Барқи тоҷик" ба таври амалӣ дучори бунбаст шудааст.

Зеро ба қавли онҳо ширкати "Барқи тоҷик" ба таври мушаххас намегӯяд, ки ин қарзро чи гуна ва бо чӣ наҳвае хоҳад пардохт ва ин вазъияти ногувори давомдор танҳо зарбаи сангин ба фаъолияти неругоҳ хоҳад буд.

Ҷамъияти саҳомӣ ё худ неругоҳи обию барқии "Санггтуда-1" дар баёнияи матбуотии худ, ки ахиран ба нашр расондааст мепурсад, ки ширкати "Барқи тоҷик" аз моҳи апрел ба ин тараф нархи барқро 25 дар сад боло бурд ва маблағи неруи барқе, ки дар ин миён истеҳсол шуд ба куҷо рафтааст?

Баъзе аз масъулини неругоҳи "Сангтуда-1" мегӯянд, ки дар сурати ба таври давомдор боқӣ мондани вазъи мазкур маҷбур мешаванд танҳо бо баҳсҳои додгоҳи маблағи худро аз ин ширкат пас гиранд.

Неругоҳи “Сангтӯда-1” бо тавоноии 670 Мвт ва дорои чаҳор чарха дар таърихи 20 январи соли 2008 ба баҳрабардорӣ шурӯъ карда буд.

Ин нерӯгоҳ бо сармоягузории Русия сохта шуда ва 75 дарсади саҳмияи он дар дасти Маскав ва ҳамагӣ 25 дарсад саҳмияи он дар ихтиёри Душанбест.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG