Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мумкин аст, Тимошенкоро ба зиндон баргардонанд


Вазорати беҳдошти Украина мегӯяд, Юлия Тимошенко, нахуствазири собиқи кишвар, ки 9 моҳ дар шифохона буд, шифо ёфтааст ва ӯро метавонанд ба зиндон баргардонанд. Вазорат рӯзи ҷумъа дар як баёнияе гуфт, хулосаи ташхиси тиббӣ ин аст, ки хонум Тимошенко дигар ба “муолиҷа ва эҳёгарӣ” дар бемористон ниёз надорад. Юлия Тимошенко аз моҳи августи соли 2011 дар зиндон буд, вале моҳи май баъди гирифторӣ ба миёндард ба шифохонаи шаҳри Харков интиқол дода шуд. Баъди шикаст хӯрданаш дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2011 аз Виктор Янукович, хонум Тимошенкоро моҳи августи соли 2011 бо гуноҳи сӯистифода аз мақом ба 7 соли зиндон маҳкум карданд. Иттиҳодияи Аврупо гуфтааст, ки ин иттиҳомот ангезаҳои сиёсӣ доранд.
XS
SM
MD
LG