Пайвандҳои дастрасӣ

Теъдоди қурбониёни таркиш дар Димишқ то 53 кас расид


Теъдоди қурбониёни таркиши мудҳиши мошини ҳомили маводи тарканда дар маркази Димишқ то 53 нафар расид. Қаблан хабар дода мешуд, ки дар ин ҳамла 35 нафар ҷон бохтаанд. Ба иттилои телевизиони давлатии Сурия. дар ин ҳодиса беш аз дусад тани дигар маҷрӯҳ шудаанд.Таркиш дар наздикиҳои қароргоҳи ҳизби ҳокими “Баас” рӯй дод. Шишаҳои тирезаҳои сафорати Русия, ки низ дар наздикиҳои ҷойи ҳодиса ҷойгир аст, фурӯ рехтанд.

Рӯзи панҷшанбе ҳамчунин дар бораи тирборони бинои ситоди марказии артиши Сурия дар Димишқ ҳам хабар расид. Дар бораи қурбониён ё осебдидагон дар ин ҳодиса иттилое зери даст нест.

Масъулияти ин ҳамлаҳоро гурӯҳе бар дӯш нагирифтааст, аммо мақомоти Димишқ аллакай ангушти иттиҳом сӯи мухолифини мусаллаҳ кардаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG