Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шаҳрванди Туркия дар Суғд боздошт шуд


Диловар Ализода, сухангӯи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд, ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки соати 10-и шаби 18 феврал шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия Айдоган Бедран Маҳмад, ронандаи мошини борбар, зимни ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд ҳангоми убур аз ноҳияи Ҷаббор Расулов сокини 56-солаи шаҳри Хуҷанд Роза Бадгудиноваро зер кардааст. Сокини шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи бардоштани ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Шаҳрванди Ҷумҳурии Туркия аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд боздошт гардида ва аз рӯи ҳодисаи рухдода парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Ба иттилои манбаъ, Айдоган Бедран Маҳмад ба ҳайси ронанда дар ширкати қирғизии «Чейлон Транспорт» ба ҳамлу нақли бору коло машғул будааст.
XS
SM
MD
LG