Пайвандҳои дастрасӣ

Вазири маорифи Афғонистон ба Тоҷикистон меояд


Фарида Гадоева, корманди раёсати байналмилалии Вазорати маорифи Тоҷикистон, 21 феврал ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки доктор Убайдуллоҳи Убайд, вазири маорифи Афғонистон, имрӯз ҳамроҳи як ҳайати ниҳодҳои таълиму парвариши ин кишвар ба Душанбе меояд. Дар чаҳорчӯби барномаи сафар доктор Убайд бо вазири маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов мулоқот намуда, роҳҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар бахши таълиму парваришро баррасӣ мекунад. Ҳамчунин, рӯзи ҷумъа вазири маорифи Афғонистон бо ректорони донишгоҳҳои пойтахт мулоқот менамояд, ки зимни он имкони бештари ҷалби ҷавонони Афғонистон ба мактабҳои олии Тоҷикистон мавриди гуфтугӯ қарор мегирад. Айни ҳол бар асоси квота ҳудуди 300 донишҷӯи афғон дар мактабҳои олии Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG