Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рақибони Саркисён дар Ереван раҳпаймоӣ карданд


Рӯзи чаҳоршанбе ҳазорон нафар дар Ереван-пойтахти Арманистон раҳпаймоӣ ва бар зидди натиҷаҳои расмии интихоботи раёсати ҷумҳурӣ эътироз карданд. Ин натиҷаҳо рӯзи душанбе эълон шуд ва бар асоси он Серж Саркисён барандаи интихобот дониста мешавад.

Ҷонибдорони Раффӣ Ҳованнисён-рақиби аслии Серж Саркисён дар майдони марказии Ереван гирдиҳам омаданд ва аз мақомоти интихоботӣ хостанд, ки натиҷаҳои интихоботро ботил эълон кунад. Саркисён 58,64 дарсад ва Ҳованнисён 36,75 дарсад рай гирифтанд.

Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо ва Стефан Фиюл-кумиссари тавсеаи Иттиҳодияи Аврупо рӯзи чаҳоршанбе гуфтанд, ки Арманистон бо райдиҳӣ дар интихоботи кунунӣ дар роҳ ба сӯи демократия пеш рафтааст.

Аммо нозирони САҲА гуфтанд, ки дар ин интихобот рақобати ҷиддӣ мушоҳида нашуд, зеро дар охири соли гузашта ду рақиби аслӣ номзадии худро фаро хонданд.
XS
SM
MD
LG