Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон ба 13 афсар рутбаи генералӣ дод


Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба 13 нафар аз афсарони баландпояи мақомоти интизомӣ ва қудратии кишвар рутбаи генерал додааст. Вазорати умури дохилӣ аз ҷуумла дар як баёнияи расмӣ дар торнамои худ хабар додааст, ки бахшида ба ҷашни 20-солагии «Артиши миллӣ» ва Эмомалӣ Раҳмон барои иҷрои софдилона вазифаҳои хизматии худ, Навҷувонов Абдулло муовини вазири умури дохилӣ, Абдураҳмон Бузмаков сардори раёсати вазорат дар Душанбе, Шодибек Раҷабов, сардори раёсати Хадамоти давлатии «Муҳофиза»-и вазорат бо рутбаи генерал-майори милитсия ва Неъматулло Қурбонов, фармондеҳи раёсати нерӯҳои дохилии вазоратро бо рутбаи генерал-майор сарфароз кардааст. Афсарони дигаре, ки соҳиби рутбаи генерал шудаанд, аз артиши миллӣ, нерӯҳои марзбонӣ, гвардияи миллӣ ва дигар ниҳодҳои ҳифзи тартиботу қонун ҳастанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин Рамазон Раҳимов вазири умури дохилии Тоҷикистонро барои хидматҳояш бо ордени «Зарринтоҷ» қадр кардааст. Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъро сазовори ордени "Ситораи Президенти Тоҷикистон" донистаанд.
XS
SM
MD
LG