Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Сурия аз сар гирифта шуд


Карла дел Понте
Карла дел Понте
Иттиҳодияи Авпупо таҳримҳои зидди Сурияро аз сар гирифт. Ҳамзамон ин иттиҳодия аз кишварҳои узв хостааст, ки ба аҳолӣ кӯмак кунанд.

Вазирони корҳои хориҷаи кишварҳои узв ин тасмимро дар поёни мулоқоти рӯзи душанбеи худ дар Бруссел эълон карданд. Ин тасмим баъд аз чанд ҳафтаи норизоятӣ ба тавофуқ расид.

Британия ва Италия талош доштанд таҳрими аслиҳаро сабуктар кунанд, то ба шӯришиёне, ки бар зидди режими Башор Асад мубориза мебаранд, кӯмак расонда шавад. Вале кишварҳои дигар намехостанд, ки аслиҳаи бештар ба Сурия ворид гардад.

Дар ҳамин ҳол, Карла дел Понте-бозраси СММ рӯзи душанбе гуфт, ҳоло вақти он фаро расидааст, ки Додгоҳи Ҷурму ҷиноёти байналмиллалӣ ба ҷиноятҳои ҷангӣ дар Сурия расидагӣ кунад.
XS
SM
MD
LG