Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фармондеҳи НАТО амри Карзайро иҷро хоҳад кард


Ҷозеф Данфорд
Ҷозеф Данфорд
Фармондеҳи нирӯҳои НАТО дар Афғонистон гуфт, эътилоф азми раиси ин ҷумҳурӣ Ҳомиди Карзайро, ки нирӯҳои афғонро аз истифодаи кумаки ҳавоии НАТО манъ мекунад, иҷро хоҳад кард. Генерали амрикоӣ Ҷозеф Данфорд, ки ҳафтае пеш фармондеҳи нирӯҳои НАТО шуд, дар Кобул гуфт, “мо барои ироаи кумакҳо тибқи хости раисиҷумҳур омодаем.” Карзай рӯзи 16 феврал гуфт, ки рӯзи якшанбе фармонеро имзо хоҳад кард, ки баъди он нирӯҳои афғон “дар ягон ҳолат” ҳаққи дархости кумаки ҳавоӣ аз нирӯҳои эътилофро нахоҳанд дошт. Ҳалокати афроди мулкӣ дар ҳамлаҳои ҳавоии НАТО мавзӯъи ҳассосест, ки ҳар дафъа ба вокуниши тунди Карзай рӯбарӯ мешавад.
XS
SM
MD
LG