Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print
Вазирони молияи гурӯҳи G20 ҷиҳати худдорӣ аз пойин бурдани қурби пулҳои миллии худ ва мубориза бо сарпечии ширкатҳо аз пардохти молиёт тааҳҳуд карданд. Нишасти дурӯзаи G20 дар Маскав бо қабули эъломияе ба поён расид, ки мегӯяд, ин 20 кишвари пешрафтаи дунё аз "сабқат дар девалватсия" худдорӣ карда, бо “тамоми анвоъи протексионизм мубориза хоҳанд бурд ва бозорҳои худро боз нигоҳ хоҳанд дошт.” Нигарониҳое вуҷуд дошт, ки шояд кишварҳо ба хотири таъмини рушди иқтисодӣ даст ба девалватсияи пулҳои миллӣ бизананд.
Бритониёву Фаронса ва Олмон аз мубтакирони асосии ин иқдомот алайҳи давлатҳоеянд, ки ба камбуди пул гирифтор шуда, талош доранд, манобеъи нави такмили будҷаҳои худро пайдо кунанд.
XS
SM
MD
LG