Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президенти Федеросиюни гӯштӣ истеъфо дод


Президенти Федеросиюни байналмилалии гӯштӣ(FILA) дар пайи тасмими ҳазфи ин навъи варзиш аз барномаи Бозиҳои олимпӣ истеъфо дод. Истеъфои Рафаэл Мартинеттӣ, ки аз соли 2002 дар ин мақом буд, дар нишасти рӯзи шанбеи Шӯрои мудирони FILA дар Таиланд эълон шуд. Рӯзи сешанбе Кумитаи байналмилалии олимпӣ гӯштиро аз барномаи асосии Олимпиадаи соли 2020 бардошт. Ин тасмим ба чунин маъност, ки гӯштӣ бояд акнун барои ҳифзи худ дар Бозиҳои олимпӣ бо 7 навъи дигари варзиш сабқат кунад. Гӯштӣ, ки ду навъи гӯштии озод ва гӯштии юнониву румиро дар бар меги рад, аз замони нахустин Олимпиадаи муосир дар соли 1896 ҳамеша варзиши олимпӣ ба шумор мерафт.
XS
SM
MD
LG