Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҳи январ аз хориҷ 178,8 миллион $ омадааст


Бино ба гузориши “Азия Плюс”, дар моҳи январ атбоъи Тоҷикистон аз хориҷ ба ватан 178,8 миллион доллар пул фиристодаанд, ки назар ба январи соли қаблӣ 8 дарсад бештар аст. Ҷамъи пули расида аз хориҷ ба Тоҷикистон дар соли гузашта 3,6 миллиард долларро ташкил дод, ки баробари 48 фоизи маҷмӯъи маҳсулоти дохилии ин кишвар будааст. Манбаъи асосии пулҳои таҳвилӣ то 1 миллион муҳоҷири кории тоҷик аст, ки асосан дар Русия кор мекунанд.
XS
SM
MD
LG