Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳавопаймои парвози дохилии Украина ба мусибат дучор шуд


Як ҳавопаймои парвозҳои дихилии Украина рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри Донетски ин кишвар дар ҳолати садамавӣ ва ногувор ба замин нишаст. Бино ба гузоришҳои матбуоти маҳаллӣ, дастикам дар ин ҳодиса ду нафар ҷон додаанд.

Дар ҳавопаймо 45 мусофир нишаста будаанд. Сарнавишти се нафари дигар маълум нест. Мақомоти вазорати ҳолатҳои фавқулодда мегӯяд, ки ҳавопаймои навъи AN-24 аз фурудгоҳи шаҳри Одесса парвоз кардааст ва талош кардааст дар шароити абри ғализ дар фурудгоҳи Донетск ба замин нишинад. Вале натавонистааст дар хати нишаст фуруд ояд ва баъд аз хати фуруд дар замини канори фурудгоҳ ба замин нишастааст ва пора шудааст.
XS
SM
MD
LG