Пайвандҳои дастрасӣ

Марзи Чин бо Тоҷикистон муваққатан масдуд шуд


Раёсати гумруки Бадахшон мегӯяд, ҳаракати нақлиёт миёни Тоҷикистону Чин аз тариқи гузаргоҳи марзии "Қулма", муваққатан қатъ шудааст.

Наим Ғуломов, аз Раёсати гумруки Бадахшон ба “Озодӣ” гуфт, ки сар аз 8-ум то рӯзи 25-уми феврал, гузаргоҳи марзӣ миёни Чину Тоҷикистон дар Бадахшон, баста мебошад.

Вай баста шудани марз миёни ду кишварро ба таҷлили Соли нави чинӣ рабт дод, ки мардуми Чин рӯзи 16-уми феврал онро ҷашн мегиранд. Ба ин манзур, марзҳои ин кишвар бо Тоҷикистон як ҳафта қабл ва як ҳафта баъд аз ин ҷашн, баста боқӣ мемонанд. Қаблан аз ин, мақомоти гумруки Қирғизистон низ иттилоъ дода буданд, ки сар аз 9-уми феврал марзи Чин ва Қирғизистон то рӯзи 25-уми феврал баста хоҳад монд. Ба гуфтаи мақомоти тоҷик, дар ин муддат ҳаракати нақлиёт ва ҳамлу нақли бор миёни ду кишвар мутаваққиф мешавад.

Гузаргоҳи Қулма соли 2004 ба фаъолият шурӯъ карда, ягона гузаргоҳест, ки Тоҷикистонро мустақиман то Чин мебарад ва дар рушди иқтисоди ин кишвар нақши муҳим дорад. Ҳамасола ин гузаргоҳ аз авоили моҳи май то охири моҳи ноябр боз аст. Аммо мақомоти Тоҷикистон соли гузашта аз Чин хостанд, гузаргоҳи Қулма-Қарасу, ки ин кишварро бо давлати Чин пайваст мекунад, баста нашавад.

Моҳи декабри соли 2011 миёни Чину Тоҷикистон созишномаи дуҷониба ба имзо расид ва ҳаракат дар ин шоҳроҳ доимӣ эълон карда шуд. Зимнан, гузаргоҳи Қулма-Қарасу бо онки Тоҷикистон ва Чинро бидуни убур аз кишвари дигар, яъне ба таври мустақим пайваст мекунад, яке аз нуқтаҳои бисёр муҳими ҳамлу нақли коло ба шумор меравад.

Маҳсулоти чинӣ тавассути борбарҳои худи ин кишвар то марз, яъне то анбор ва терминалҳои вилояти Бадахшон дар ноҳияи Мурғоб кашонида мешавад ва сипас ба навоҳии мухталифи Тоҷикистон мошинҳои ширкатҳои худӣ онҳоро интиқол медиҳанд.

Масъулини Вазорати нақлиёти Тоҷикистон мегӯянд, баъди боз шудани ин гузаргоҳ дар соли 2004, солона ҳаҷми ҳамлу нақли коло бештар шуда, Тоҷикистон аз инзивои воридоти мол раҳо шудааст. Гуфта мешавад, танҳо дар давоми соли 2012 бештар аз 3,5 ҳазор автомашинаҳои сабукрав ва борбар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чинро убур карда, дар қиёс бо соли гузашта ба маблағи як миллион доллар моли зиёдтар ворид карданд.

Дар ҳоли ҳозир воридоти коло ба Тоҷикистон тавассути даҳ гузаргоҳи автомобилӣ аз Афғонистон, Чин, Узбакистон ва Қирғизистон сурат мегирад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG