Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амалиёти Хоруғ ба фаъолияти Қулма таъсир нагузоштааст


Масъулини Бадахшон мегӯянд, сарфи назар аз ҳаводиси ахири Хоруғ ҳаҷми додугирифти мол тавасути гузаргоҳи Қулма афзоиш ёфта, ба 33 миллион доллари амрикоӣ расидааст.

Муовини сардори раёсати гумруки вилоят Абдураҳим Қодиров гуфт, ки ба сардшавии ҳаво нигоҳ накарда, воридоти мол аз Чин ба Тоҷикистон тавссути ин гузаргоҳ коҳиш наёфтааст ва то боришоти барф ва басташавии ағбаҳои душворгузар, гузаргоҳи Қулма фаъолият хоҳад кард. Ба гуфтаи оқои Қодиров, дар давоми сол бештар аз 3,5 ҳазор автомашинаҳои сабукрав ва борбар гузаргоҳи марзии байни Тоҷикистону Чинро убур карда, дар қиёс бо соли гузашта ба маблағи як миллион доллар моли зиёдтар ворид карданд.

Ӯ гуфт, соҳибкорон ҳуқуқ доранд, дар кадом минтақае, ки хоҳанд дар нуқтаҳои гумрукӣ борашонро ба расмият дароранд. Аз ҷумла 30 дарсади моли воридотӣ дар нуқтаҳои гумруки вилоят ба расмияти гумрукӣ дароварда шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки тобистони имсол ба дунболи амалиёти Хоруғ хавфи басташавии роҳ ба миён омада, интизор мерафт, ки ин ҳаводис ба фаъолияти Қулма таъсири манфӣ хоҳанд расонд. Вале масъулини гумрук мегӯянд, ба ғайр аз ду рӯзи аввали амалиёт, масири Қулма –Душанбе ба таври ҳамешагӣ боз буд ва монеае дар роҳи ҳаракати нақлиёт пеш наомадааст.

Журналист, Умед Мамадпаноев боло рафтани сатҳи фарҳанги тиҷоратиро сабаби таъсир надоштани ҳаводиси Хоруғро ба муомилоти тиҷоратӣ дар минтақа мешуморад: "Боз шудани роҳҳо ба Афғонистон ва Чин барои тавсеа ва боло рафтани фарҳанги тиҷоратии мардум мусоидат кард. Аллакай баъди ду рӯзи амалиёти Хоруғ мошинҳо дар ҳаракат буданд ва касе ба онҳо кордор набуд, зеро тоҷир дар кадом шароите, ки набошад , бояд тиҷорат кунад ва вазифааш таъмин намудани мардум бо молу маҳсулот аст."

Ба гуфтаи коршиносон, гарчанде роҳи нақлиётӣ байни Чину Тоҷикистон тавасути гузаргоҳи "Қарамиқ"-и Қирғизистон наздиктар аст ва бештари молу коло ба воситаи он ба ҷумҳурӣ дохил мешавад, теъдоди зиёди соҳибкорони ватанӣ ба роҳи мустақими нақлиётӣ бо Чин, тавассути гузаргоҳи Қулма бартарӣ медиҳанд. Аз тарафи дигар, ҳодисаҳои боздошти автомашинаҳои ронандаҳои тоҷикистонӣ бо маводи сӯзишворӣ дар вилояти Ӯши Қирғизистон ва монеасозиҳои ахир дар гузаргоҳи "Қарамиқ", таваҷҷӯҳи соҳибкорони тоҷикро ба гузаргоҳи марзии Қулма бештар намудааст.

Сокини ноҳияи Восеъ Ғулом Сафаров, ки бо мошини борбар моли ширкатҳои тиҷоратии гуногунро мекашонад, гуфт бо роҳи мустақими иртиботӣ ворид намудани мол ба кишвар осонтар аст, зеро дар ҳар ҳолат тоҷир ва ронанда дар ватанашон худро роҳат эҳсос мекунанд. Ба гуфтаи вай онҳо дар рӯзҳои амалиёти низомии Хоруғ ҳам, фаъолияти тиҷоратиашонро қатъ накарданд, зеро дилпур буданд, ки мардуми минтақа дар ҳар ҳолат, як пиёла чойро ҳама вақт медиҳад: "Дигар мардум манфиати тиҷоратро дарк кардааст, мефаҳманд, ки аз тиҷорат ба онҳо ҳам фоида мерасад, чанд рӯзи ҷанг бозорро қиматӣ фаро гирифта буд. Фикри тоҷир фақат дар серу пур кардани бозор ва мардумр инро мефаҳманд."

Дар маҷмӯъ идораи гумруки вилоят мегӯяд, давоми соли равон ба қаламрави кишвар бештар аз 480 ҳазор тонна молу мавод, масолеҳи сохттмонӣ ва таҷҳизот ба маблағи бештар аз 33 миллион доллари амрикоӣ ворид шудааст.

Чанд сол боз масъалаи фаъолияти доимии гузаргоҳи Қулма, байни масъулини ду вилояти ҳамҷавори Тоҷикистону Чин матраҳ аст. Вале иқлими сахти Помири Шарқӣ ба амалӣ шудани ин нақша монеъ гардидааст. Гузаргоҳ ҳамасола, бо боришоти барф аз моҳи декабр баста шуда, авохири моҳи апрел фаъолияташро аз сар мегирад.
XS
SM
MD
LG