Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Олмон боз як вазири нусхабардор истеъфо дод


Рӯзи шанбе вазири маорифи Олмон, ки бо ҷурми нусхабардории кори илмӣ аз унвони доктори илм маҳрум шудааст, ба истеъфо рафт. Чор рӯз пеш аз ин донишгоҳи Дюселдорф хонум Аннета Шаванро аз унвони доктори илм, ки 30 сол пеш муоҳифат карда буд, маҳрум кард. Донишгоҳ гуфтааст, ки Шаван бахше аз як таҳқиқоти ин донишгоҳро ҳадафмандона ва ба таври муназзам нусхабардорӣ кардааст. Шаван мегӯяд, ки баҳри ҳимоят аз мақоми ҳизби ҳокими демократҳои насронӣ аз вазифа истеъфо медиҳад, вале ҳукми донишгоҳро қабул надорад ва зидди он иқдом хоҳад кард. Шаван-яке аз дӯстони наздик ва муттафиқони кантслери Олмон хонум Ангела Меркел мебошад. Дар ҳоле, ки маъмурияти Меркел ба интихоботи навбатӣ омодагӣ мегирад, истеъфои Шаван зарбае ба ҳизби ҳоким ба шумор меравад. Сроли 2011-ум вазири мудофиаи ҳукумати зери раҳбари Меркел Карл-Теодор зу Гутенберг ҳам ба баъди иттиҳоми нусхабардории кори илмӣ ба истеъфо рафтааст.
XS
SM
MD
LG