Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Капитани милиса аз сӯи ҳамкасбонаш лату кӯб шуд?


Қудратшо Ҳамидов, сардори бахши кофтукоби ҷиноии шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Рудакӣ, рӯзи 8 феврал дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки аз рӯзи душанбе мавриди таҳқир ва латукӯби кормандони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт қарор дошт. Ба гуфтаи ӯ, баъд аз 38 соат ӯро ба боздоштгоҳи шӯъбаи корҳои дохилии ноҳияи Фирдавсӣ бурда, тайи чаҳор рӯз онҷо нигаҳ доштанд ва касеро нагузоштанд, ки наздаш дарояд.

Дар ин миён кормандони шуъбаи умури дохила аз додситонии шаҳри Душанбе дархост карданд, ки алайҳи капитани милиса Ҳомидов парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми авбошӣ боз шавад.

Капитан Қудратшо Ҳомидов мегӯяд, ӯро барои он боздошт ва латукӯб кардаанд, ки мехост "шикояти мардумро дар бораи истифодаи як хонаи истиқоматии Душанбе б унвони фоҳишахона" тафтиш кунад.

Дар ҳоле, ки санҷиши дурустии ин иттиҳомот сахт аст, масъулини шӯъбаи милисаи ноҳияи Исмоили Сомонӣ дар тамос бо Радиои Озодӣ аз ин ҳодиса изҳори бехабарӣ карданд.
XS
SM
MD
LG