Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 16 нафар дар таркишҳо дар Ироқ


Таркиш дар Бобул
Таркиш дар Бобул
Бар асари таркишҳо дар Бағдод ва вилояти Бобули Ироқ дасти кам 16 нафар ба ҳалокат расиданд. Ду таркиш дар бозори паррандаҳо, воқеъ дар маҳаллаи шианишини Бағдод, мунҷар ба ҳалокати 11 сокини маҳаллӣ ва ҷароҳат бардоштани тақрибан 30 тани дигар шуд. Панҷ нафар дар Бобул бар асари инфиҷори ду мошини ҳомили маводи тарканда кушта шуданд. Дар ин таркишҳо тақрибан 20 каси дигар захм бардоштаанд.

Ҳафтаҳои ахир дар Ироқ ҳамлаҳо ба мардуми шиамазҳаб дар ҳоле афзоиш ёфтаанд, ки сунниҳо алайҳи ҳукумати Нурӣ Ал-Моликӣ даст ба эътироз задаанд. Онҳо ҳукуматро дар поймолсозии ҳуқуқҳои сунниҳо айбдор мекунанд.
XS
SM
MD
LG