Пайвандҳои дастрасӣ

Эрон: Асад бояд бо мухолифин музокирот кунад


 Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод

Президенти Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод аз президенти Сурия Башор ал-Асад даъват кард, ки бо мухолифин сари мизи музокирот нишаста, баҳри ҳалли низои наздик ба дусолаи шаҳрвандӣ дар ин кишвар хотима бахшад. Дар сӯҳбат бо телевизиони Миср Аҳмадинажод гуфт, ки дар пайи музокироти муваффақона дар Сурия бояд интихобот доир шавад ва раъйдиҳандагон худашон ояндаи ин кишварро муайян намоянд. Эрон муттафиқи асосии Сурия дар минтақа аст ва то ин замон ҳар гуна даъват ба истеъфои Асадро қабул надорад. Аҳмадинажод аввалин раҳбари Эрон аст, ки баъди инқилоби исломии соли 1979 ба Миср сафар кардааст. Дар давоми ду соли низоъ дар Сурия камаш 60 ҳазор сокини ин кишвар ҳаёташонро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG