Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мунаққиди ислом аз сӯиқасд ҷон ба саломат бурд


 Ларс Ҳедегаард
Ларс Ҳедегаард
Расонаҳои Дания иттилоъ медиҳанд, ки шахси номаълум кӯшиш кардааст, як мунаққиди даниявии дини исломро, ки аслан адиб ва муаррих аст, мавриди оташ қарор диҳад. Тибқи гузоришҳои расида, ҳамла рӯзи сешанбе ба вуқӯъ пайваста, тир ба Ларс Ҳедегаард нарасидааст. Шахси номаълум дар ри Ҳедегаардро кӯфта, худро ходими почта муаррифӣ намудаст. Вақте Ҳедегаард ба назди ӯ баромад, ин шахс ба сӯи ӯ тир кушодааст. Полиси Копенҳаген тасдиқ мекунад, ки дар ин тирпарронӣ касе осебе надидааст. Вале полис то ҳол дақиқ нагуфтааст, ки ҳадафи ҳамла воқеан Ҳедегаард буд ё каси дигаре? Ҳедегаард раиси Ҷомеаи ҳимоят аз озодии баёни Дания мебошад, ки нишастҳову ҷамъомадҳои мухолифини исломро ташкил медиҳад. Соли 2011-ум мақомоти Дания Ҳедегаардро бо ҷурми таҳқири мусулмонон як ҳазор доллар ҷарима карда буданд.
XS
SM
MD
LG