Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико "Стандарт энд Пур"-ро ба додгоҳ мекашад


Муассисаи рубтасанҷии Standard & Poor's мегӯяд, ҳукумати Амрико қасд дорад, ин муассисаро ба хотири арзёбиҳои иқтисодиаш пеш аз бӯҳрони молии соли 2008 ба додгоҳ бикашад. Вазорати адлияи Амрико мехостааст, Standard & Poor's-ро барои он ба додгоҳ бикашад, соли 2007 бозгардони сармоягузорӣ барои хонахариро боарзиш баҳо дод, агарчӣ ин сармояҳо ба таври қобили мулоҳиза беарзиш шуданд. Соли 2008 бӯҳрони қарзҳо барои хонахарӣ дар Амрико сабаби бӯҳрони молӣ дар саросари ҷаҳон шуд. Стандар энд Пурс мегӯяд, ки парвандаи вазорати адлияи Амрико алайҳи ин муассисаи рутбасанҷӣ на заминаи қонунӣ дорад ва на заминаи воқеъӣ. Вазорати адлияи Амрико ин қазияро шарҳ надодааст. Бино ба гузоришҳо, шояд вазорат охири ҳамин ҳафта ба додгоҳ муроҷиат кунад. Дар ин сурат нахустин бор мешавад, ки муассисаи рутбасанҷиро барои хатокорӣ дар остонаи бӯҳрони молӣ ба додгоҳ бикашанд. Хабари мазкур арзиши саҳмияҳои Стандарт энд Пурро тақрибан 14 дар сад поин бурд.
XS
SM
MD
LG