Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Даргирӣ дар як рустои марзии Тоҷикистон


Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, дар даргирие бо қочоқбарони афғон дар вилояти Бадахшон яке аз онҳоро куштанд. Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон бо нашри як баёния рӯзи сешанбе гуфт, даргирӣ дар рустои наздимарзии Ёмчӣ дар ноҳияи Шуғнон ба вуқӯъ пайвастааст ва аз ҷойи ҳодиса, ҷасади Анвар валади Мубориз, шаҳрванди Афғонистон бо як автомати Калашников, бештар аз ним кило ҳероин ва 1 килову 605 грам ҳашиш ёфтаанд.
XS
SM
MD
LG