Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Европол далелҳои тақаллуб дар футболро ошкор кард


Хадамоти полиси Иттиҳодияи Аврупо - Европол садҳо далели бозиҳои пешакӣ маслиҳатшудаи футбол жар сартосари оламро ошкор кард. Дар ҷараёни тафтишот, ки дар он кормандони полиси даҳҳо кишварҳо ширкат доштанд, тақрибан 400 бозии футбол дар Аврупо ва ҳамин миқдор бозиҳои дигар дар Африқо, Осиё ва Амрикои Лотин мавриди шубҳа қарор гирифтанд.

Масъулини Европол ҳадс мезананд, ки, аз ҷумла, бархе аз бозиҳои муқаддамотии Ҷоми ҷаҳон ва қаҳрамонии Аврупо ҳам аз рӯи маслиҳати пешакӣ сурат гирифтаанд. Муфаттишон мегӯянд, ки дар ташкили ин гуна бозиҳо беш аз 400 нафар, аз ҷумла, мансабдорони соҳаи футбол, мураббиён, бозингарон ва афроди ҷиноӣ ширкат доштанд.

Аз ин пеш барои ташкили бозиҳои пешакӣ маслиҳатшуда чандин нафар маҳкум ба зиндон шуда буданд.
XS
SM
MD
LG