Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳамлаи маргбори Толибони Покистон ба урдугоҳи артиш


Бомдоди рӯзи шанбе дар як ҳамлаи тундравҳо ба урдугоҳи артиши Покистон дар аёлати Хайбар Паштунхвоҳ 15 нафар аз нируҳои амниятӣ ва 11 нафар нафар аз сокинони маҳаллӣ кушта шуданд.

Мақомоти амниятӣ мегӯянд, тундравҳо ҳангоми ҳамла аз мусалсалҳо ва рокетандозҳо истифода кардаанд. Ин ҳамла дар маҳалле бо номи Сарои Навранг дар ноҳияи Лаккӣ Маврат рух додааст.

Гул Ҳомидхон-раиси пулиси маҳаллӣ ба радиои Озодӣ гуфт, дар даргирии тақрибан 7 соата дастикам 5 тундрав низ кушта шудаанд. Гурӯҳи Таҳрики Толибони Покистон, ки чун Толибони Покистон шинохта шудаанд, масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифтааст.

Сухангӯи ин гурӯҳ дар мусоҳиба бо бахши Машъали радиои Озодӣ гуфт, ин ҳамла посух ба куштори ду фармондеҳи Толибон дар ҳамлаҳои ҳавопаймои бесарнишини амрикоӣ будааст.
XS
SM
MD
LG