Пайвандҳои дастрасӣ

Дар шаҳрҳои бузурги Русия маъракаи ҷамъоварии имзо барои ҷорӣ кардани виза ё раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз идома дорад.

Ҳизби Насионал-Демократи Русия ё ҳизби миллатгаро, ки созмондиҳандаи ин маърака аст, мегӯяд, бо ҷорӣ кардани виза ё раводид, мехоҳанд бо қочоқи маводи мухаддир, густариши бемориҳои гузаранда, ҷиноятҳои ақалиятҳои миллӣ мубориза баранд.

Ин дар ҳолест, ки Русия талош дорад, кишварҳои шӯравии пешин, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказиро бештар ба худ моил кунад ва онҳоро ба узвияти Иттиҳодияи гумрукии зери нуфузи худ дарорад. То чӣ андоза талошҳои ҷорӣ кардани виза бо ин кишварҳо ба ҳақиқат дуруст меояд ва ё ин бозии навбатии баъзе нирӯҳо дар Русия аст, ки мехоҳанд аз ин роҳ ба муҳоҷирони кории кишварҳои ҳамсуд фишор оранд?

Надежда Шалимова, дабири масъули Ҳизби Насионал-Демократи Русия дар Маскав ва созмондиҳандаи ин маърака, мегӯяд, “ҳадаф ин аст, ки қоидаҳои вуруди шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ба қаламрави Русия тағйир дода шавад. Вуруди шаҳрвандони маҳз ҳамин кишварҳо дар Русия мушкилоти зиёде пеш овардааст. Ҷинояткорӣ, қочоқи маводи мухаддир, густариши бемориҳои вогир,нируи арзони корӣ дар бозори кор ва мисоли онҳо. Худи сокинони маҳаллӣ наметавонанд кор пайдо кунанд”.

Дар шаҳрҳои Маскаву Санкт Петербург ва Ростову Томск фаъолони ҳизб ба шаҳрвандон дастуруламале тақсим мекунанд, ки дар он дар бораи тарзи имзо гузоштан дар номаи умумии интернетӣ маслиҳату машваратҳо оварда шудааст. Ба гуфтаи Шалимова, ин маърака тақрибан як моҳ давом мекунад ва дар сурати ҷамъоварии 100 ҳазор имзо ин номаи дастаҷамъӣ ба Думаи Давлатӣ фиристода мешавад.

Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия дар як суханрониаш гуфта буд, ки агар шаҳрвандон барои иҷрои дархосте 100 ҳазор имзо ҷамъоварӣ кунанд, дар он сурат дархости онҳо ба унвони тарҳи қонун дар Думаи Давлатӣ баррасӣ мешавад.

Вале ҳадафи муҳими стратегӣ барои Русия ин аст, ки мехоҳад кишварҳои Шӯравии собиқро бо ташкили ҳар гуна созмонҳои қоғазӣ ва бефоида ба ҳамгироӣ водор кунад ва онҳоро дар чаҳорчӯбаи чунин созмонҳо зери нуфузи худ дарорад. Ҷорӣ кардани виза ё раводид ин кишварҳоро аз оғӯши Русия берун мекашад ва ба ҷои наздикӣ миёни онҳо дурӣ бештар мешавад.

Фирӯз Саидов

Фирӯз Саидов

Коршиносон мегӯянд, ҷорӣ шудани раводид бо ҳадафҳои стратегӣ ва иқтисодии Русия дар минтақаи Осиёи Марказӣ ва бо ҳадафҳои ташкили Иттиҳодияи Гумрукӣ созгор нест. Фирӯз Саидов, таҳлигари тоҷик мегӯяд, дар Тоҷикистон 7 ҳазор низомии Русия хидмат мекунанд: “Агар виза ҷорӣ шавад, дар Тоҷикистон пойгоҳи низомии Русия вуҷуд дорад, дар он сурат Тоҷикистон ҳам бояд виза ҷорӣ кунад. Русия мехоҳад бо давлатҳои Авропа визаро умуман барҳам диҳад. Лекин чаро онҳо талаб мекунанд, ки бо давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз ин низом ҷорӣ шавад?”

Надежда Шалимова мегӯяд, ҳизби онҳо барои ҷорӣ кардани виза дар бораи мавҷудияти пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон фикр накардаанд, вале вай умед дорад, ки ин масъаларо ниҳодҳои зидахл ҳал хоҳанд кард.

Аммо Фирӯз Саидов маъракаи ҷамъоварии имзоҳоро бозии навбатии ҳизбҳои сиёсии Русия медонад ва мегӯяд, “ҳамеша ҳизбҳои Русия барои таблиғи худ дар байни аҳолӣ қартаи муҳоҷиронии кории кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқозро ба бозӣ медароранд. Маъракаи кунунӣ низ аз ҳамин бозиҳост. Вале аз ин кор эътибори муҳоҷирони кории ин кишварҳо поин меравад, зеро онҳоро дар байни аҳолии маҳаллӣ дузду қочоқчӣ ё бемору ҷинояткор муаррифӣ мекунанд.”

Бурихон Нурмуҳаммедов, сиёсатшинос ва раиси Маркази мутолеоти иҷтимоии Қазоқистон, мегӯяд, агар маъракаи ҷамъоварии имзо дар сохторҳои давлатӣ ё ҳукуматии Русия реша дошта бошад ва агар онҳо аз ҳизбҳои сисёсӣ истифода кунанд, дар он сурат ба хулосае расидан мумкин аст, ки онҳо гоҳ-гоҳе бо тарс додани кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд, то ин кишварҳо дар назди Русия таъзим кунанд ва бештар ба Русия пойбандии худро нишон диҳанд.

“Аз тарси он, ки ин кишварҳо аз доираи нуфузи Русия берун нараванд, аз ин роҳ Русия мехоҳад нишон диҳанд, ки дар ин кишварҳо вазъи иҷтимоӣ метавонад печидатар шавад. Барои ҳамин ин тарс кишварҳоро бештар ба оғӯши Русия тела медиҳад”.

Борҳо мушоҳида шудааст, ки Русия бо истифода аз нируҳои сиёсии худ ва аҳромҳои мухталиф ба кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора кардааст, ки агар муҳоҷирони кории онҳо аз Русия баргарданд, дар ин кишварҳо нооромӣ сар мезанад ё вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ печида мешавад. Ба ин хотир, Русия мехоҳад ҳангоми музокира роҷеъ ба ҳар масъалаи судовари худ ба ин кишварҳо нақши “кишварҳои гапдаро”-ро бор кунад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG